ЛЕВАКАНТ: АКСИЯИ ҲИЗБӢ “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН”

.

Дар доираи дастури Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи якҷояи КИ ҲХДТ, МИҲД, Бахши ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Аксияи ниҳолшинони зери унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” бо иштироки мардони баруманди тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, ки дар шинонидани дарахтони арчаи ҳамеша сабз ҳусни кучаҳои шаҳро зебою сояаафкан менамоянд баргузор карда шуд. Масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз тамоми иштирокчиёни аксияи мазкур минатдоранд, ки дар чорабинии саҳми худро самимона гузоштанд. Тамоми аъзоёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар тамоми корҳои ободонию созандагии шаҳр самимона содиқона ватандустона зери шиори Тоҷикистон бо пешвои миллат ба пеш! Саҳми арзандаи худро дар ободи шаҳр мегузоранд.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Дарсҳои омузиши дар байни аҳоли

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 17 январи соли 2025, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи бунгоҳи саломатии Ок-Газа 1 ҷ/д Гулистон и ш.Левакант, байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО ФАРҲАНГИЁНУ ВАРЗИШГАРОН

.

Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ иборат аз мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бахши фарҳанг, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти ичроия, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, масъулини Маркази ТТҲС, Маркази пешгирии ВНМО ва дигар фаъолон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони бахши фарҳанг ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар толори китобхонаи марказии шаҳрӣ суҳбатвохӯрӣ гузарониданд.

дарсҳои омузиши дар байни аҳоли гузаронида

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 16 январи соли 2025, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи бунгоҳи саломатии Сарбанд 1 ҷ/д Ваҳдат и ш.Левакант, байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.