Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар пешниҳод гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатдории ҶТ, аз ҷумла, сиёсти дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду комёбиҳои соли 2024 ҷамбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосӣ муайян карда мешаванд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ворид шудан ба ин роҳи таърихӣ ва бунёди давлати навини миллӣ кори саҳл ва осон набуд. Дар масири таърих мушкилоту монеаҳои сангин ба сари миллат ва давлати милллӣ ба бор омаданд, ки раҳои аз чунин қисмат басо душвор ва гарон буд.
Муфассал
Имрӯз 3-юми январ, бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», баҳри иҷрои саривақтии нақшаи кабудизоркунӣ беш аз 300 ниҳоли ҳамешасабзӣ арча харидорӣ гардида, барои шинонидан дар деҳоти ҳудуди ҷамоат тақсим карда шуд. Раисони Кумитаи маҳал мувофиқи тақсимот як миқдори ниҳолони арчаро аз назди бинои ҷамоат бурда дар деҳоти худ шинониданд.
Муфассал
Зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии икшвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад».
Муфассал
Тибқи супориши раиси шаҳри Левакант ва нақшаи кабудизоркунии бахши ҳифзи муҳити зист, 2-юми январ, масъулин ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии «ХМК»-и шаҳри Левакант, дар кӯчаи Рӯдакӣ як миқдор ниҳолони ороишии арча шинониданд.
Муфассал
Дар Паём, Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли 2025 ва солҳои минбаъда муайян намуданд. Яке аз пешниҳодҳои муҳими Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" мебошад. Ин ташаббус ба рушди технологияҳои нав ва инноватсия дар кишвар равона шудааст.Ҳамчунин, дар Паём масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими амният ва суботи кишвар, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок, талошҳои бештар заруранд. Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун роҳнамои рушди устувори Тоҷикистон дар соли 2025 ва солҳои минбаъда хизмат мекунад.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар самтҳои асосии рушди Тоҷикистонро дар соли 2025 ва солҳои минбаъда муайян кард.Паём ҳамчун роҳнамои рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад. Дар он таъкид шуд, ки бо талоши умумӣ ва сафарбаркунии захираҳо Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои стратегии худ расад.
Иҷрокунанда:Гирандаи Стипендияи Президенти Исмоилзода Сино