ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР

.

7-уми март, бахшида ба Рӯзи Модар аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ то баргузории чорабинии тантанавию туҳфагузориҳо шаҳри Левакант шукӯҳи идона дошт.

Дар саҳни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, гулдухтарони муассисаҳои томактабии шаҳр бо рақсу бозӣ меҳмонони чорабиниро истиқбол гирифтанд.

ЛЕВАКАНТ: САҲМИ ФАЪОЛОН ДАР ОБОДОНӢ

.

Ҷиҳати иҷрои супориши раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, вобаста ба риояи талаботҳои шаҳрнишинӣ, бартараф намудани заминҳои ғасбшуда аз тарафи шаҳрвандон, наовехтани либос ва дигар ашёи рӯзгор аз панҷараҳо, тозагии гирду атрофи биноҳои баландошёна, муддати ду ҳафта ҳаст, ки аз тарафи шахсони масъулгашта корбарию фаҳмондадиҳӣ тариқи усули фардии "хона ба хона" идома дорад.

ЛЕВАКАНТ: БОНУВОНИ НЕРУГОҲ ТУҲФАГУЗОРӢ ШУДАНД

.

6-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Силсила неругоҳи «Вахш» дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона баргузор гардид.

Директори Силсила неругоҳи «Вахш» дар шаҳри Левакант-Ғуломзода Ҷамшед Ғулом тамоми бонувону занони коргоҳро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда. Ӯ зимни баромади худ зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик мавқеъи баландро соҳиб гаштанд, ки ин эҳтиром гузоштан ба занону модарон мебошад. Инчунин ӯ зикр кард, ки дар Силсила неругоҳи «Вахш» дар баробари мардон занону бонувон низ фаъолияти пурсамар доранд. Мо заҳмати ҳар як корманди ҷинси зани корхонаро қадр мекунему кушиш менамоем, ки ҳуқуқҳои онҳо ҳамчун зан модар ҳифз гардад. Зеро онҳо дар ҷомеа рисолати бузургро иҷро мекунанд, ки ин таълиму тарбияи насли инсон мебошад

ЛЕВАКАНТ: ЗАНОНИ СОҲАИ МАОРИФ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

.

6-уми март, бахшида ба Рӯзи Модар, бо ташаббуси бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши маориф-Раҳимоф Файзулло ва занону бонувони соҳаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.

Дастоварду ҳунари хонандагоне, ки дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар оғози чорабинӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

ЛЕВАКАНТ: ДУХТАРОНИ ЛЕВАКАНТ ДУ ҶЙИ ЯКУМРО СОҲИБ ШУДАНД

.

6-уми март, тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар байни занону бонувон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ вилоят, мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида шуд.