28-уми март, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати шашум баргузор гардид.

 

Дар кори иҷлосия, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати кишоварзии вилоят-Ризозода Дилшод, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, масъалаҳои

-рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Левакант аз 26-уми октябри соли 2020 №266, оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 12-уми августи соли 2020, №222 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»,

- Дар бораи ҳисоботи сардори шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Левакант «Оид ба кору фаъолияти шуъба дар соли 2023 ва ду моҳи соли 2024»,

-Комиссияҳои доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз баромад ва музокираҳо баҳри таъмини барнома ва масъалаҳои гузошташуда, масъулин ва шахсони мутасадӣ муваззаф карда шуданд.