Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон, бо ташаббуси МИҲД-и шашри Левакант, аз тарафи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомот, ба се нафар шахсони имконияти маҳдуддоштаи шаҳр аробачаҳои маъюбӣ кумак карда шуд.

Маъмурияти Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинии кории худ бо ҷавонони варзишгар ва дастпарварони Муассиса вохӯрӣ намуданд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр сурат гирифт.

Имрӯз 26-уми ноябр, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи сифати таълиму тарбия, давомоти хонандагону омӯзгорон ва зимистонгузаронии Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант дидан намуд.

Имрӯз 26-уми ноябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ бо донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Леваканти ДБССТ вохӯрӣ гузарониданд.

Тибқи нақша-чорабинии Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар толори тенис байни ҷавонони ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр, мусобиқаи тениси рӯйи миз гузаронида шуд.