Масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, тасмим доранд, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ роҳҳои маҳҳалиро сангфаршу мумфарш намоянд. Айни замон бо ҷалби шахсони саховатпеша ва аҳолии маҳал омодагӣ ба мумфаршнамоии роҳи деҳаи Нурафшони ҷамоат ҷараён дорад.

 

Дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Фарух Султонов хабар дода, гуфт, ки чанд сол пештар бо ҷалби соҳибкорон 13-километри роҳи деҳаи Зағертут пурра мумфарш гардид, роҳҳои кӯчаҳои деҳа бошанд бо ҷалби аҳолӣ сангфарш карда шуданд. Инчунин ҳамин гуна ободониҳо дар деҳаҳои Истиқлолу Нурафшон сурат гирифт ва мо тасмим дорем, ки чунин иқдомро дар ҳама деҳаҳои қаламрави ҷамоат ба роҳ монем.