3-юми октябр, дар шаҳри Левакант, чорабинии идона бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ тантана кард. Дар оғоз намоиши асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастоварди хонандагону омӯзгорон ва маҳсули меҳнати ҳунармандон манзури роҳбарияти шаҳр ва меҳмонони чорабинӣ гардонида шуд.

 

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳр, иштирокдорони чорабиниро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Ӯ зимни баромади худ зикр кард, ки забони миллиро шаҳсутун ва ё ҳастии давлат медонанд. Забони мо-тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллиамон аст ва барои ҳар як соҳибзабон азизу муътабар мебошад. Бояд фаромӯш насохт, ки танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон барқарор кард.

Мо ҳамагон вазифадорем, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем. Фаромӯш насозем, ки эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад.

Мо бояд пеш аз ҳама ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем ва ин забони равону шеворо аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур ҳифз намоем.

Дар идомаи чорабинӣ Компазитсияи идонаи омодакардаи бахши фарҳанги шаҳр, бахшида ба Рӯзи забон бо шеъру суруду тарона, ки пурра дар васфи забону Ватан омода шуда буд манзурӣ аҳли нишаст гардонида шуд. Барномаи рангини консертӣ ба чорабинӣ таровати хосса бахшид. Тамоми иштирокдорон аз тантанаи Рӯзи забон хушнудӣ карданд.