Имрӯз 26-уми ноябр, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи сифати таълиму тарбия, давомоти хонандагону омӯзгорон ва зимистонгузаронии Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант дидан намуд.
Шаҳрдорӣ ба ҳар як синф даромада ба зимистонгузаронӣ ва сатҳи дониши хонандагон ошно гашт. Ҳамзамон ӯ ба хонандагон саволу ҷавоб намуда таъкид намуд, ки нағз хонда саводу дониши хуб гиранд, супоришҳои устодонашонро саривақт иҷро намоянд, забонҳои хориҷиро аз худ намуда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо фаъолона иштирок карда, номбардори падару модар, омӯзгор ва шаҳри худ шаванд. Касбу ҳунар омӯхта мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат гарданду ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Инчунин Муминзода Мастура ба маъмурияти муассиса таъкид намуд, ки ба зимистонгузаронӣ ҳамаҷониба омода гашта, ба сатҳу сифати дониши хонандагон, фаъолияти омӯзгорон ва робитаи зич бо падару модарон диққати ҷиддӣ диҳанд. Кушиш намоянд, ки дар кори таълиму тарбия ба ягон хатогӣ роҳ надиҳанд.