Дар Олимпиадаи вилоятии «Ворисони Пешво» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон 3-хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант, иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гашта, бо Дипломи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз дониста шуданд.

 

Мирзоева Омина хонандаи синфи 3-и муассиса бо бартарияти бештар аз фанни забони модарӣ соҳиби ҷойи аввал, Дипломи Олимпиада ва медали тилло гардид.

Бобохонзода Мустафо соҳиби ҷйи дуюм ва Маҳмадализода Фотима ҷойи сеюмро касб карда бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд шуданд.

Боев Тоҳир-директори МТМУ №2, дар маҷлиси пагоҳирӯзии хонандагон ғолибони Олимпиадаро табрик намуда, иброз дошт, ки чунин хонандаҳо фахри муассиса ва шаҳр мебошанд. Агар ҳар як хонанда кӯшиш намояд ба чунин дастовардҳо мерасад. Ӯ иброз дошт, ки барои чунин муваффақият аввалан ба ҳамин хонандагон, падару модар ва омӯзгоронашон барои таълиму тарбияи дуруст изҳори сипос мекунам.