Маъмурият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Леваканти ДБССТ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона гузарониданд.
Тибқи барномаи чорабинӣ ҳамсабақони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омӯзгорони собиқадори «ЛКСК» даъват шуда буданд. Меҳмононро директори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-Сафарзода Умедҷон ва омӯзгорону донишҷӯён истиқболи гарму самими гирифтанд. Ҳамсабақони Пешвои миллат дар оғоз аз намоиши дастовардҳои ҳунармандию техникии устодону донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар дидан намуданд. Онҳо ҳангоми тамошои дастоварҳои Муассиса аз даврони хонишу ҳунаромӯзии худ ёдоварӣ карданд.
Дар мизи гирде, ки ташкил шуд, ҳамсабақони Пешвои миллат ва омӯзгорони собиқадор аз даврони таҳсил ва ҷавонии Сарвари давлат чунин қиссаҳо карданд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон солҳои хониши 1969-1971 дар ин муассисаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика таҳсил намуда соҳиби дараҷаи чоруми тахассусии коргарии ин ихтисос гардидааст. Ҳамкурсаш Баротов Давлат њангоми суҳбат ёдовар шуд, ки ӯ аз дигар ҳамкурсонаш бо кордонӣ, масъулиятшиносӣ, хушахлоқию нексириштӣ фарқ мекард.
Аз тарафи иштирокдорони Мизи гирд нақлҳо шуд, ки бо маслиҳати Эмомалӣ Раҳмони ҷавон баъди анљоми машғулиятҳои таълимӣ озмуну чорабиниҳои дигари варзишӣ гузаронида мешуд, ки бо ин васила омӯзишгоҳ дар байни дигар омӯзишгоҳҳои вилоят сазовори ҷойи аввал мешуд. Директори ҳамонвақтаи Муассиса Аззат Касимович Абдураҳмонов аз таҳсилу фаъолияти ҳаррӯзаи Эмомалии ҷавон дар ҷамъомадҳои ёдовар мешуд ва доимо такид менамуд, ки ба мисли ӯ ҳар як донишҷӯ таҳсил кунад, супоришҳои ҳаррӯзаи устодони худро иҷро ва дар оянда беҳтарин созандаи ҷомеа мегардад.
Хизматҳои таърихиии Пешвои миллатро дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шарвандӣ, созмон додани сохтори фалаҷгаштаи ҳокимият, барқарорсозии Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ, баланд гардидани нуфузи кишвар ва давраи таҳсилашро дар ин муассиса ба назар гирифта, дар бинои якуми Литсей дар масоҳати 544 м. кв Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шудааст.
Рӯзи 27-уми октиябри соли 2021 баъди 50 соли таҳсил бо иштироки Пешвои миллат ин Осорхонаи таърихӣ ифтитоҳ гардид. Дар дафтари бақайдгирии толори пазироии Осорхонаи таърихӣ, Пешвои муаззами миллат ҳидояти худро барои ворисони ояндасоз чунин баён кардаанд:
«Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант дар миёни муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ягона осорхонаест, ки барои насли ҷавон махсус барои хонандагони ин даргоҳ дар омӯхтани касбу ҳунар сабақи таърихӣ медиҳад».
Ҳангоми тамошои Осорхонаи муассиса дар яке аз синфхонаҳое, ки Пешвои миллат касбу ҳунар омухтаанд ҳамсабақон баъди чандин сол паси мизҳои худ нишаставу аз давраи таҳсилашон бори дигар ёдовар шуданд.
Нисфирӯзӣ барои меҳмонон дар ошхонаи Муассиса дастархони идона ороста шуда, ҳамсабақони Пешвои миллат ва омӯзгорони собиқадору хатмкардаҳои Муассиса гирди як миз бо ҳам ҷамъ омаданд.
Баъди нисфирӯзӣ дар толори фарҳангии Муассиса бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикстон бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи таърихӣ таҳти унвони «Мактаби сулҳпарварони Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон» Конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар Конференсия муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, директори Донишкадаи байналмилалии Левакант-Баротзода Шарифхон, директори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Левакант-Сафарзода Умедҷон, ҳамсабақону устодони Пешвои миллат иштирок намуда маърӯза ва суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ки дар давоми сию се соли соҳибистиқлоӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон, баҳри бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Дар ин муддат кишвари мо соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардид. Ҷумҳурии мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари давлатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ тиҷоратӣ ва сиёсии хешро барқарор намуд. Замоне Пешвои миллат мисли ҳазорон ворисони худ ҷавон буду дар дили худ нисбати ояндасозии хешу кишвараш мақсаду андешаҳои некро мепарварид. Ва ниҳоят тамоми мақсаду мароми Пешвои миллат ҷомаи амал пӯшида имрӯз Тоҷикистони мо дар ҳоли рушду пешрафти босубот қадамҳои устувор мегузорад.
Баъди анҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ва оини тоҷикона ба ҳамсабақони Пешвои миллат аз ҷониби маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Сипас компазитсияи идона ва барномаи консертии омодакардаи ансамбли Муассиса ва бахши фарҳанги шаҳри Левакант бо суруду таронаҳои ватндӯстона манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.