Имрӯз, 7 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант раиси вилоят Давлаталӣ Саид корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Пахтаи Абдуллоҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

 

Корхонаи коркарду истеҳсоли пахта дар шаҳри Левакант аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст.

Корхона дар як сол иқтидор дорад, ки аз 15 то 20 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 25 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ коркард намояд. Дар корхона истеҳсоли нахи пахта, линт ва пумбадона ба роҳ монда шудааст.

Директори корхонаи ҶДММ «Пахтаи Абдуллоҷон» Абдуллоев Қурбоналӣ иттилоъ доданд, ки барои кормандон музди меҳнати миёна ба маблағи 2100 сомонӣ ҷудо шуда, се вақт бо хӯроки гарм ва рафтуомади онҳо бо техникаи мусофирбарӣ таъмин карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз раванди фаъолияти хати технологӣ, иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати таъсиси чунин як иншооти калони саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ вазифадор намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон