ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ДАР ШОҲРОҲ

.

 
Имрӯз шанбеи 14-уми сентябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаи марказӣ, назди ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр шарбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Дар ин шанбегӣ кормандони тамоми ташкилоту муассиса, соҳаҳои маориф, тандурӯстӣ, саноат, корхонаҳои калонтарин СНОБ «Сарбанд», ҶСК «Азот» ва сокинон фаъолона иштирок намуда, дар тозагии маҳал саҳми худро гузоштанд.
Ду шафати шоҳроҳи Левакант-Бохтар дар ин рӯз пурра аз хасу хошоки хушкида ва дигар чизҳои нолозим тоза карда шуд. Дар назди дигар ташкилоту корхона ва кӯчаҳои шаҳр корҳои тозагию ободонӣ гузаронида шуд.
Боиси қайд аст, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи кишвар ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ дар шаҳри Левакант пайваста корҳои ободонии тозагӣ гузаронида мешавад, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстии сокинони шаҳр шаҳодат медиҳад.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ВА ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ МДМВ

.

Масъулин ва кормандони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар назди бинояи Муассиса шанбегӣ ва корҳои ободонӣ гузарониданд. Чандест, ки тозакорӣ ва ободонию созандагӣ ҷараён дошта, масъулин кушиш карда истодаанд, ки дар баробари машқу тамрин иштирок дар мусобиқаҳо бо ободониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода ба ҷараёни кор ошно гашта, ба мураббиёну варзишгарон барои боз ҳам беҳтар сохтани шароит ва ободонӣ дар Муассиса, тавсияҳо дод.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ БО ХОДИМОНИ ДИН

.

 
Пешгирӣ аз амалҳои номатлуб имрӯзҳо яке аз масалаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дар ин кор бояд ҳар яки мо фаъол бошем.
13-уми сентябр, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода тибқи нақшаи кории худ бо ходимони дин дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроия, вохӯрӣ гузаронида фаҳмондадиҳӣ намуд.

ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР МАҲАЛ

.

 
Имрӯз 12-уми сентябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинӣ бо сокинони деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вобаста ба мавзуҳои доғи рӯз вохӯрӣ ва суҳбат гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДАВУ ПЕШБАРАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИК.

.

 
Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади бо мақсади дар роҳи дуруст ва рӯҳияи ватандустиву ватондорӣ тарбия намӯдани ҷавонон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант вохӯрии судманди намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо донишҷӯён дар мавзӯи “Ҷавонон неруи созандаву пешбараи давлату миллати тоҷик” баргузор гардид.