ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ Ҷ/Д "ГУЛИСТОН" ДИДАН НАМУД

.

12-уми феврал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз бинои ҷамоати деҳоти "Гулистон" корҳои ободонӣ ва вазъи зиндагии мардуми деҳот дидан намуд. Ӯ аввалан ба ободонии худи бинои ҷамоат таваҷҷуҳ намуд, утоқҳои кории ҷамоат, китобхонаи деҳотӣ, ҳуҷраҳои тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар бинои ҷамоат ҷойгиранд таваҷҷуҳ кард. Нисбати ободу зебогардонӣ, насби шиору овезаҳо, кабудизоркунию гулшинонӣ ба масъулини ҷамоат тавсияҳо дод.

ЛЕВАКАНТ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ

.

Имрӯз 10-уми феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи Ҳисоб-Чилазода Қарахон ба шаҳри Левакант ташриф оварданд. Раиси вилоят ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари кории худ ба шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр гузаронида шуд иштирок намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА

.

Имрӯз беш аз 300-нафар роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ба ҳашар баромада, дар партовгоҳи доимӣ, ки дар канори болоии шоҳроҳи Левакант-Данғара мавқеъ дорад корҳои тозагию ободонӣ анҷом доданд.

Дарсҳои омӯзишӣ ба толибилмон

.

Тибқи нақшаи кори дар санаи 09.02.24 сол,аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази пешгири ва мубориза бар зидди бемории Вируси Норасогии Масунияти Одам дар ш. Левакант, ягҷоягии бо Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим ва бахши кор бо занон ва оила, дарсҳои омӯзишӣ ба толибилмони синфҳои 9-11 Литсеи N-2 ва бо волидайни онҳо гузаронида шуд. Маърузаи дарси омузиши оиди роҳои гузариш пешгири аз паҳншавии ва табобати бемории ВНМО ва бемориҳои мавсими. Дар давоми омузиш ба иштирокчиён маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ТИБҚИ НАҚША ЧОРАБИНИ

.

Дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати пешгири аз ҷиноят ва омилҳои номатлуб, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, бо падару модар ва хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти муассиса суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.