ЛЕВАКАНТ: БУНГОҲИ ТИБИИ ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТ МАВРИДИ НАЗАР ШУД

.

Муминзода Мастура Табарӣ аз Бунгоҳи тибби ва масҷиди деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дидан намуда, ба кормандони бунгоҳ суҳбат намуд. Аз ҳолу аҳволашон пурсон шуда, таъкид дошт, ки шумо кафили саломатии аҳолии деҳа мебошед. Кушиш намоед, ки дар кори худ ҷиддӣ бошед ва солимии аҳолиро ҳамеша дар сатҳи хуб нигоҳ доред.

ЛЕВАКАНТ: ШАҲРИ САБЗ ВА ШАҲРИ ГУЛҲО

.

Бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, имрӯз дар шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз кормандони ташкилоту корхонаҳо фаъолона ба ҳашар баромада, бо анҷом додани корҳои тозагӣ, гулшинонӣ ва нарм намудани бехи дарахтон дар кӯчаҳои шаҳр ва назди бинои ташкилоту корхонаҳо саҳми худро гузоштанд.

ЛЕВАКАНТ: ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 зикр намуданд, ки «Солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

ЛЕВАКАНТ: «ЛКСК» БЕҲТАРИН МАКОНИ КАСБУ ҲУНАР

.

Иҷрокунандаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ 5-уми феврал, ҷиҳати аз наздик шинос шудан ба корҳои ободонӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант ташриф овард. Ӯ аввалан аз корҳои ободонӣ дидан намуда, ба масъулин таъкид кард, ки дар мавсими нави кабудизоркунӣ бо истифода аз ҳавои мусоид ниҳол ва гулу буттаҳои ороиширо шинонида симои зоҳирии муассисаро боз ҳам хушнамо созанд. Ба таълиму тарбия дар Муассиса диққати махсус дода кадрҳои болаёқат ва ба бозори меҳнат рақобатпазирро омода созанд. Зеро дар ин боргоҳи илму ҳунар соҳои 1969-1971 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон илму дониш ва касбу ҳунар омухта имрӯз як давлати соҳибистиқлолро сарвари мекунанд. Ва бояд ин боргоҳи илму ҳунар беҳтарин макони омӯзиши касбу ҳунар боқи монад.

ЛЕВАКАНТ: СОБИҚАДОРОН СОҲИБИ ЧОЙХОНА МЕШАВАНД

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз рӯзи аввали ба мансаб омадан ба собиқадорону ниёзмандон таваҷҷуҳи махсус намуд. Баъди ҷаласаи аввалаш бо фаъолон хост, ки барои собиқадорон ва нафароне, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гузоштаанд шароити истироҳату фароғат таъмин намояд. Бо ин мақсад бо таклифи собиқадорон дар як гӯшаи боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, ки қаблан иншооти хуштарҳе бунёд шуда буд, барои ташкили чойхона ба собиқадорон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» мусоидат намуд.