ЛЕВАКАНТ: МАОРИФ-ОМӮЗИШ БАҲРИ РУШДИ СОҲА

.

10-уми май, дар МТМУ №2-и шаҳри Левакант, аз тарафи намояндагони Лоиҳаи " Биё ҳамроҳ омӯзем", намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, масъулини бахши маорифи шаҳри Левакант дар байни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Семинари омӯзишӣ оид ба тақвияти рушди касбии омӯзгорон аз фанҳои забони тоҷикӣ, хониши адабӣ ва математика гузаронида шуд.

"ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ»

.

Шиорест, ки 79-сол боз хотира дораду вирди забонҳост.

Таҳти чунин унвон имрӯз 9 май, дар Боғи Ғалабаи шаҳри Левакант ба муносибати Рӯзи Ғалаба маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Аскари номаълум баргузор гардид.

Ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон гузаронида шуд

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 8 ми маи соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо кормандони Маркази тарзи ташакули ҳаёти солим ва ҳамшираҳои КАТС и ш. Левакант, дар деҳаи Боҳтуробод ҷ/д Гулистон ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.