Дар қасри фарҳанги шаҳри Левакант намоиш-фурӯши китобҳо таҳти унвони "Корвони китоб" доир гашт ва дар он кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Намоиши мазкур тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақша-чорабиниҳои Вазорати фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гашта истодааст. Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки китоб роҳнамои ҳар кадоми мо дар зиндагӣ буда, дар пешрафти ҷаҳонбинӣ ва сайқали хираду маънавиёт аҳамияти бузург дорад. Китоб дӯсти беминнати инсон аст. Боиси ифтихор аст, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", "Илм фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон"- оинаи таърихи миллат" роҳандозӣ гашта, таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ боз ҳам бештар шуд.