ЛЕВАКАНТ: ИШТИРОКИ МЕҲНАТКАШОН ДАР ҶАШНИ САДА
Меҳнаткашони шаҳри Левакант, бахшида ба ҷашни Сада, ки имрӯз 25-уми январ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гардид, ҳунару дастраҷи худро манзури меҳмонону тамошобинони чорабинӣ гардониданд.
Дар ин чорабинии аҷдодӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудирони шуъбаю бахшҳо, занону бонувони фаъол ва ҳунармандони бахши фарҳанг иштироку ҳунарнамоӣ карданд.