ЛЕВАКАНТ: ЧОРАБИНИИ «ХАТТИ ТАЙЁР» ДАР МАВСИМИ КИШТУ КОР
18-уми феврал, баҳри таёрӣ ва таъмини трактору дигар мошинолоти кишоварзӣ ҷиҳати кишти пахта ва зироатҳои полезӣ дар шаҳри Левакант, чорабинии «Хатти тайёр» гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ рнаиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, муовини якуми раиси вилояти Хатлон-Мирзозода Музафар, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-Акрамзода Юсуф ва дигар масъулину механизаторҳо бо техникаву мошинолоти кишоварзӣ иштирок намуданд.