ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗӢ-ТАҲИЯИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

.

Ҷашни Наврӯзро бе ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ тасавур кардан ғайри имкон аст.

Дар рӯзҳои тантанаи Наврӯзӣ занону бонувони ҳунарманди шаҳри Левакант, бо пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ, суфраҳои ҳафтсину ҳафтшин ва омодаву таҳия намудани таомҳои миллӣ дар яке аз хонаҳои истиқоматӣ боз як маҳфили сирф миллию тоҷиконаро баргузор карданд.

 

Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раиси вилояти Хатлон-Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-Фариза Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, занону бонувони фаъол ва катбонуҳои шаҳр иштирок намуданд.

Пас аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, шаҳрдорӣ ва меҳмонон аз тарзи таҳия ва омода кардани таомҳои миллии суманак, умоч, оши бурида, ширкаду ва кашк (далда) дидан намуданд.

Меҳмонон ва занону бонувони шаҳр деги суманакро ҳамчун рамзи Наврӯзӣ каф зада, суруди суманакро якҷоя замзама карданд.

Бояд гуфт, ки суманак навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шустаю сабзонида ва дар рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд. Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд.

Инчунин катбонуҳои шаҳри Левакант, тарзи таҳияи оши бурида, ширкаду, кашк ва умочро пешкаши дигар иштирокдорон намуда, омода намудани онро ба гурӯҳи гулдухтарон нишон доданд.

Ҳамин тариқ як рӯз хурсандию шодмонӣ ва тантанаи наврӯзӣ карданд, ки дар он тамоми расму оинҳои мардумӣ манзур шуд.