ЛЕВАКАНТ: ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУН ОҒОЗ ГАРДИД
14-уми март, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинаҳои адабиёти муосир ва класики тоҷик баргузор гардид.
Дар ин даври Озмун довталабон фаъолона иштирок намуда, аз рӯйи адабиёти мутолиакардаи худ ба саволҳои ҳайати Комиссияи Озмун посух гуфтанд. Мушоҳида шуд, ки хонандагон дар Озмун омодагии ҷиддӣ дидаанд ва азм доранд, ки яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд.
Боиси зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандози гардидаву довталабон бо шавқу завқ дар он иштирок менамоянд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Озмуни мазкур тули 6-сол мешавад, ки ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
Директори Литсей-Муқаддас Муминова иброз дошт, ки аз рӯйи ҳамаи номинаҳо довталабон ҳастанд ва мо бо навбат пурсиш карда беҳтаринҳоро ба даврҳои баъдӣ роҳхат медиҳем.