ЛЕВАКАНТ: ЗАНОНИ СОҲАИ МАОРИФ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
6-уми март, бахшида ба Рӯзи Модар, бо ташаббуси бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши маориф-Раҳимоф Файзулло ва занону бонувони соҳаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.
Дастоварду ҳунари хонандагоне, ки дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар оғози чорабинӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Раҳимов Файзулло тамоми занону бонувони соҳаи маорифро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки қисмати бештари омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони муассисаҳоро занон ташкил дода, онҳо дар кори таълиму тарбия мавқеъи махсус доранд. Инчунин илова намуд, ки модар беҳтарин ва муқаддастарин шахс барои инсон буда, насли одамро ба дунё меоварад, ба воя мерасонад ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Аз ин хотир ҳар кадоми мо бояд ба қадру манзалати зан-модар расему ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо биорем. Зеро модар аввалин муаллими фарзанд буда, ба фарзанд пеш аз ҳама забон, одобу ахлоқ илму маърифат ва дарси одамгариро меомӯзонад.
Сипас дар ҳами фазои идона як қатор занону бонувони соҳаи маориф аз роҳбар то муаллимаву мураббия ва хонандагони фаъол бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабининӣ Компазитсияи идонаи омодакардаи омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.




