Имрӯз 20-уми январ, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Леваканти ДБССТ, аз ҷониби гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар шаҳри Левакант ва фаъолон Семинар-машварати омӯзишӣ “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилдони халқ” баргузор гардид.

Таҳти ин шиор дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ "Рӯзи варзиш" эълон карда шавад, дар доираи он кормандони корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳр дар якҷоягӣ бо мураббиёни муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар боғи фароғатии шаҳр, машқи пагоҳирузӣ таҳти унвони "ТЕРРЕНКУР - РОҲГАРДИИ САЛОМАТӢ" доир гардид.

 

Имрӯз 18-уми январ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо шанбегии умумишаҳрӣ эълон карда шуд.

Дар ин шанбегӣ масъулини Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахши фарҳанг, соҳаи маориф, муассисаҳои «КАТС», беморхонаи марказӣ, Донишкадаи байналмилалии Левакант инчунин дигар ташкилоту корхонаҳо ва сокинон дар ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ ва тозагию ободонӣ саҳм гузоштанд.

Имрӯз шанбе 18-уми январ, дар баробари тамоми ташкилоту корхонаҳои шаҳри Левакант, масъулин ва кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди бинои идораи худ шанбегӣ гузарониданд. Дар ин шанбегӣ онҳо гулу дарахтонро ба тартиб дароварда бехашонро нарм намуданд. Баҳри ободу зебогардонӣ як миқдор гулҳои лола ва ороишӣ шинониданд.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 17 январи соли 2025, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи КАТС и ш. Левакант дар ҷ/д Сарбанд куч.Н.Хусрав и ш.Левакант, байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.