Масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба маъюбону ниёзмандон, маъюби гурӯҳи якум аз деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" Қурбоналиев Файзалиро бо аробачаи маъюби таъмин намуданд.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки раиси шаҳр- Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъулини бахши кишоварзӣ, раисони ҷомаҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ эҳтимоли паҳншавии малах дар минтақаҳои кӯҳӣ ва заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, аз имрӯз сар карда барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024, гурӯхи корӣ иборат аз раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо занони ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Сафарзода Шодихон, директори Маркази ТТҲС-Акрамова Суман ва дигар фаъолон бо омӯзгорони МТМУ №15, вохӯрӣ намуданд.

Дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, ки чанде пеш дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор шуд, як қатор ҷавонони фаъол, қдршиносӣ гаштанд.

1. Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия: Солҳои 2025-2030 ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон шуданд, ки ба пешрафти технология ва самаранокии иқтисодиёт нигаронида шудааст.
2. Иқтисодиёт ва саноатикунонӣ: Пешвои миллат ба саноатикунонии босуръат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок таъкид карданд.
3. Рифоҳи мардум: Барномаҳо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо пешниҳод шуданд.
4. Амният ва субот: Таъмини амният ва суботи кишвар ҳамчун асоси пешрафт баррасӣ гардид.
5. Ҳамкориҳои байналмилалӣ: Густариши равобити байналмилалӣ ҳамчун самти муҳим қайд карданд.
Албатта, барои бештар фарогир шудани мақола метавонем чунин нуқтаи муҳимро илова кунем:
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва маориф