Гар дасти фитодае бигири мардӣ

.

Ба иттилои масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии ва аҳолии шаҳри Левакант, худи ҳамин рӯз 14-уми феврал, волидони Қосимов Абуалӣ барои кумак ба кӯдаки маъюбашон муроҷиат намуданд. Масъулини бахш-дар пайи ин муроҷиат ба Абуалии 6-сола, ки ба аробачаи маъюби эҳтиёҷ дошт ба ӯ аробача кумак намуданд. Хушҳоии Абуалӣ ва падару модараш барои таъмини аробача бениҳоят афзуда, онҳо ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва МИҲД-и шаҳри Левакант, ба қишри ниёзманду осебпазир ва камбизоати аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ БАШАРДӮСТ

.

Имрӯзҳо аёдати пирону собиқадорон ва дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант гаштааст. Дар пайи ин тадбир имрӯз 14-уми феврал бахшида ба рӯзи баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон намояндагони Мақомоти иҷроия чанд тан ҷанговарони башардӯстро аёдат намуда аз ҳолу аҳволашон хабар гирифтанд.

  Аз нишастҳои матбуотӣ, Ҳазор коргар ба кор ҷалб гардидааст

.

ранное  · 3 ч.  · 
 
Возможно, это изображение 1 человек
 
 №21 (4761) 14.02.2024
- Соли сипаригардида ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант ба маблағи зиёда аз 154 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Аз ҷумла, карбамид 33 ҳазору 332 тонна, аммиак — 22 , углекислота 47 тонна ва кислород 5046 м3, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда афзуд, ки айни замон дар корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар коргар ҷалб гардидааст, ки музди меҳнати миёнаи кормандон 1250 сомониро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2023 ба маблағи 435 миллиону 556 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 181,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»

ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ ГУЛШИНОНИЮ ОБОДОНӢ

.

Имрӯз 14-уми феврал, аз тарафи кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию комуналӣ ва бахши фарҳанги шаҳри Левакант, дар боғи фарҳангӣ фароғатӣ ҳашари гулшинони гузаронида шуд. Дар ин рӯз кормандони ин ду сохтор гулҳои ороишию мавсими шинонида намои боғи фарҳангиро зеботар гардониданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАШАРДӮСТОН

.

Ҳамасола санаи 15 феврал дар аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ аз ин санаи таърихӣ 35-сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дар толори филиали ДБССТ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷамъомади тантанвӣ баргузор шуд.