13-уми феврал, рӯзи байналмилалии РАДИО

.

Радио дар ҷомеа нақши бисёр муҳим дошта аудиторияи васеро метавонад дар бар гирад. Ҳар кас дар баробари иҷрои кораш бе ягон мушкили метавонад радиои писандидаи худро шунавад ва аз авзои сиёсии дохил ва хориҷи кишвар ошно гардад. Барномаҳои ҷолиби ин ё он радиоро гуш кунад.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар фазои иттилоотии Тоҷикистон радиоҳои зиёд фаъолият мекунанду ба мардум хизмат мерасонанд.

Рӯзи байналмилалии радиоро ба тамоми кормандон ва ихлосмандон муборак мегӯем.

Возможно, это изображение 1 человек, фортепиано и текст
 
 

ЛЕВАКАНТ: 3000 ГУЛ ДАР БОҒИ ФАРҲАГӢ ФАРОҒАТӢ

.

Бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар гулгашти Парчами миллӣ дар шаҳри Левакант ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷалби кормандони бахши фарҳанг ҳашари гулшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, беш аз 3-ҳазор гулҳои ороишӣ таъмин гардида, кормандони бахши фарҳанг, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар гулпарварон онро бо ороиши хубу диданибоб шинониданд.

Левакант: Шахсони имконияташон маҳдуд соҳиби аробача шуданд

.

Бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба се сокини имконияти маҳдудидоштаи шаҳр, аробачаҳои маъюбӣ кумак карда шуд.

Аробачаҳоро мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шари Левакан-Саидов Фатҳиддин ва роҳбари маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳр-Негматов Ҷумахон ва дигар масъулин, 12-уми феврал, ба шахсони маъюбидошта расониданд.

ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ

.

Дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Левакант, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раис, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонпҳо корҳои ободонӣ гузаронида шуд. Барои сабзиш ва эмин нигоҳ доштани ниҳолони шинонидашуда атрофашон симтур гирифта шуд. Ва дигар корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин кӯча ҷараён гирифт. Дар рӯзҳои наздик боз ниҳолшинонӣ ва кабӯдизоркуни дар ҳамин кӯча ба нақша гирифта шудааст.

ЛЕВАКАНТ: ШИНОСОИИ ШАҲРДОРӢ АЗ Ҷ/Д "ВАҲДАТ"

.

12-уми феврал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷамоати деҳоти "Ваҳдат"-и шаҳр дидан намуд. Ӯ зимнан ба масъулини ҷамоат супориш дод, ки корҳои ободониро дар назди бинои ҷамоат ва тамоми деҳаву маҳаллаҳо вусъат бахшида, ба гушинонӣ, ниҳолшинонӣ ва дигар корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи махсус дода ба ҷашнҳои дар пешбуда омодагии ҷиддӣ бинанд. Ҳамзамон шаҳрдорӣ таъкид намуд, ки корбариро бо аҳолӣ дуруст ба роҳ монда корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҳама самт ҷонок намоянд.