Додоҷон намоде аз қаҳрамонӣ

.

«Ногуфтаҳо» - и Додоҷони Атовуллоро, ки дар саҳифаи фейсбукияш ба табъ расидаву аз ғавғои сагонаи гумроҳони наҳзатӣ ба сутӯҳ омада, ононро ба баҳси мардонаи онлайнӣ хондааст, метавон ҳамчун боз як мушти обдоре ба даҳони бефаровези гурӯҳе аз ватанфурӯшону хиёнатпешагони миллату давлати Тоҷикистон талаққӣ дод, ки ҳамчун шағолони даштӣ бо сояи худ низ пархош мекунанд.

Дар ҳошияи матлаби «Ногуфтаҳо»-и Додоҷон Атовуллоев, ки рӯзи 13 декабри соли 2018 дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст

.

Дар ҷавлонгоҳи сухан ҳар кас бо сеҳру эъҷози қаламаш ворид мешавад ва дар сабқати маъниофарӣ қувва меозмояд. Барои нишон додани нерӯ ва қудрати сухан муаллифро минбарҳои баланд, рӯзномаву маҷаллаҳои пурҷило, сомонаҳои хоса ва харҷи маблағҳои ҳангуфт зарурат надорад, балки доштани маҳорати суханварӣ кофист.

Н О Г У Ф Т А Ҳ О

.

ё дар интизори аломати нуқта

Ман ба пайравони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ коре надорам. Онҳоеро, ки мешиносам, одамони ботақво ва дорои маънавиётанд. Ягон нафаре аз онҳо ба зиштӣ даст намезанад.