ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР
ИЗҲОРОТИ
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
роҷеъ ба таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар хориҷи кишвар
ИЗҲОРОТИ
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
роҷеъ ба таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар хориҷи кишвар
Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд:ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд»?
Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд.
Бисёриҳо ҷудоии афтода дар байни гурӯҳҳои оппозитсияи тоҷик, аз ҷумла қатъи ҳамкории "Гуруҳи 24” бо ҲНИТ-ро комёбии мақомоти амниятии Тоҷикистон дар амри хунсо кардани хатари мухолифин ба ҳукумат мешуморанд. ҲНИТ, ки дар байни оппозитсия ҳам танҳо мондааст, ҳамчунон ҳадафи рақами як дар "ҷанг”-и Душанбе бо мухолифонаш боқӣ мемонад.
Расонаҳои наҳзатӣ беш аз пеш аз интишор гардидани матлаби рӯзноманигори варзида ва мухолифи сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон Додҷони Атовуллоҳ хашмгин шуда, нуқтаи назари рӯзноманигорро як навъ хушомаду тамаллуқи навбатӣ унвон кардаанд. Бехабар аз он ки рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, агарчи мухолифи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, дар лаҳазоти ҳассос масъулияти баҳамойии миллӣ ва тафоҳуми мардумиро дарк карда, чандин маротиба аз тариқи саҳифаи худ матолиби ҷолиби таваҷҷуҳ интишор намуд, ки муҳтавои миллӣ ва мардумӣ доранд.
Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст.  Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст.