Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, озмуни ҷойҳои корӣ дар шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия ва ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид.
Тибқи нақша-чорабинӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207-7, аз 30-юми апрели соли 2016, дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он 9-уми феврал, дар толори филиали ДБССТ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.
Бо иштироки муовини аввали раиси шаҳри Левакант-Кабирзода Неъматулло, раиси ҷамоати деҳоти "Гулистон" Эмомов Абдуҷаббор дар толори маҷлисгоҳи ҷамоат Ситоди ниҳолшинони гузаронида шуд.
Имрӯз 8-уми феврал, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони ВАО дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Левакант, нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Тайи як-ду соли охир чанд рӯзноманигори шинохта дунёи фониро тарк гуфтанд. Ба хотири эҳтироми ному мақоми эшон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ имрӯз 8-уми феврал, қабл аз нишасти хабарӣ лаҳзаи хомуши эълон намуд. Ӯ афсус хӯрд, ки имрӯз рӯзноманигорони шинохта Аслиддин Достиев, Баҳодур Уроқов, наворбардори бисёр хубу гиромӣ Зубайдуллои Қодир ва боз чандин дӯстони хубамон дар бари мо нестанд.
Рӯҳашон шод!