Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 21 феврали соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант бо якҷояги бо маркази тарзи ташакули ҳаёти солим ва кормандони КАТС-и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯч. Борбад 2 ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.
Имрӯз 20-уми феврал, тибқи нақша-чорабинӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон бо иштироки намояндаи Маркази наркологии вилояти Хатлон–Мусамиров Ҳайдар, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти Литсейи давлатии №1 ва кормандони соҳаи тандурӯстии шаҳр вохӯрӣ гузаронида шуд.
18-уми феврал, баҳри сабзу хурамгардонӣ дар мавсими кабудизоркунӣ, бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти "Ваҳдат"-Султонов Ф. дар ду канори роҳи деҳаи Зағетут ба ш. Левакант, як миқдор ниҳоли ороишии арча ва дигар ниҳолони сояафкану гулу буттаҳо шинонида шуд.
Чун баҳор наздик мешавад ҳатман модарам сӯзану риштаву матову қайчиш дар даст ба духти куртаҳои гулдӯзӣ машғул мешавад. Ва бо навбат ба набераҳош дар рӯзҳои аввали баҳор аз куртаҳои духтааш тақдим мекунад.
Ин бегоҳ ногаҳон аз дараш даромадаму дидам, ки бо ҳавас гулдӯзи карда истодааст.
17-уми феврал, баҳри таёрӣ ва таъмини трактору дигар мошинолоти кишоварзӣ ҷиҳати кишти пахта ва зироатҳои полезӣ дар шаҳри Левакант, чорабинии «Хатти тайёр» гузаронида шуд.