22-юми октябр, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша чорабинӣ байни ҷавонони деҳаҳои Вахши поён ва Вахши болои ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» мусобиқаи деҳа ба деҳаи волейбол гузаронида шуд.
Ташриф ва дидори меҳмонон аз давлати Белоруссия бо роҳбарии Крупко Иван Иванович-губернатори вилояти Гомели ин давлат аз технологияи коркарди нуриҳои менералӣ дар ҶСК «Азот» ва ҳамзамон аз гармхонаҳои ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон».
Масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо ҷалби ҷавонони деҳаи Нурафшони ҷамоат дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои ободони камар бастаанд.
Имрӯз 21-уми октябр, Муминзода Мастура Табарӣ-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, зимни маҷлиси пагоҳирӯзии панҷдақиқаина тамоми меҳнаткашони шаҳрро барои иҷрои босифат ва пеш аз муҳлати нақшаи дурнамои пахтасупори сипосгузорӣ намуд.
Таҳти чунин унвон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01-июни соли 2021, №187 "Дар бораи Стратегияи муҷовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КДФ “БММҒ”-и шаҳри Левакант бо доираи васеи аъзоён ва фаъолони ҳизб, мизи мудаввар доир намуданд.