Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз самими қалб Шуморо бо зодрӯзатон табрик мегӯям.
Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми баланд доред. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо муваффақият пеш рафта, дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиму созанда дорад.
Дар Россия кӯшишҳои пайвастаи Шуморо, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳоямон, инчунин, ба пешбурди равобити барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ равона шудаанд, қадр менамоянд.
Дар остонаи вохӯрии мо, ки рӯзҳои наздик дар Москва баргузор мешавад, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, таманниёти самимонаи саломатии бардавом, рифоҳ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти давлатӣ изҳор менамоям.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
Муфассал
5-уми октябр, дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Левакант”–и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамбастагии бо прокуратураи шаҳри Левакант бо мақсади истиқболу сазовор таҷлил намудани ҷашни “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Муфассал
Масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, тасмим доранд, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ роҳҳои маҳҳалиро сангфаршу мумфарш намоянд. Айни замон бо ҷалби шахсони саховатпеша ва аҳолии маҳал омодагӣ ба мумфаршнамоии роҳи деҳаи Нурафшони ҷамоат ҷараён дорад.
Муфассал