ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИ БО ҲУНАРМАНДОН ВА СОҲИБКОРОН

.

Имрӯз 2-юми октябр, намояндагони Раёсати Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, сармутахассиси шуъбаи кор бо аъзоён ва ярмарка намоишгоҳҳо-Набиев Файзулло, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо кишварҳои хориҷӣ-Қурбонова Парвина дар толори МИҲД-и шаҳри Левакант, бо занону бонувони ҳунарманд ва соҳибкорон вохӯрӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

.

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оила, Маркази ТТҲС ва Маркази ВНМО ин навбат дар кӯчаи Носири Хусрав фаҳмондадиҳиро бо усули ХОНА БА ХОНА анҷом доданд.

Масъулин дар ин кори таблиғоти ба сокинон ҷиҳати пешгири аз ҷиноят, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги милли мо бегона, пешгири аз бемориҳои сироятӣ ва дигар одатҳои баду омилҳои номатлуб фаҳмондадиҳӣ карданд.

ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАИ КУШОД БА ХОТИРИ ҶАЛБИ ВАРЗИШГАРОН

.

2-юми октябр, тибқи нақша-чорабинии Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, ҷиҳати ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва бедор кардани ҳисси ватандӯстии онҳо аз намуди гуштини "Самбо" Мусобиқаи кушоди шаҳри баргузор гардид. Дар ин Мусобиқа, дастпарварони Муассиса фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷӣ карданд. Ғолибони ҷойҳои якум ва дуюму сеюм бо медал ва Ифтихорномаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАБЛИҒОТ АЗ ТАРАФИ СОБИҚАДОРОНИ БАШАРДӮСТ

.

Ҷиҳати бедор кардани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ ба воя расидани онҳо раис ва аъзоёни Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабиниҳои худ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр, бо хонандагон вохӯрӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН 100%, ИҶРО ШУД

.

Имрӯз 1-уми октябр, дар саҳни Қасри шаҳри Левакант, чорабинии сиёсии сафарбарии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонони навдаъватшаванда ва падару модари онҳо иштирок доштанд.