МАВЗӮЪҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЧУНИН МАСЪАЛАҲОРО ДАР БАР МЕГИРАД:
МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ”
ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ ҶАМОАТ ДАР КАБУДИЗОРКУНӢ
Имрӯз 3-юми январ, бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», баҳри иҷрои саривақтии нақшаи кабудизоркунӣ беш аз 300 ниҳоли ҳамешасабзӣ арча харидорӣ гардида, барои шинонидан дар деҳоти ҳудуди ҷамоат тақсим карда шуд. Раисони Кумитаи маҳал мувофиқи тақсимот як миқдори ниҳолони арчаро аз назди бинои ҷамоат бурда дар деҳоти худ шинониданд.
ПАЁМ ВА ҶАВОНОН
Зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии икшвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад».
ЛЕВАКАНТ: НИҲОЛШИНОНИ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ
Тибқи супориши раиси шаҳри Левакант ва нақшаи кабудизоркунии бахши ҳифзи муҳити зист, 2-юми январ, масъулин ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии «ХМК»-и шаҳри Левакант, дар кӯчаи Рӯдакӣ як миқдор ниҳолони ороишии арча шинониданд.