Левакант: Раиси шаҳр корро аз муассисаҳои фарҳанги оғоз кард

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, Муминзода Мастура Табарӣ кори худро аз дидани муассисаҳои фарҳангӣ оғоз кард. Ӯ дар рӯзи аввали корӣ ба Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии "ЛКСК"-и ДБССТ дар шаҳри Левакант ташриф оварда, аз даврони таърихсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дидан намуд. Ва дар китобҳои Осорхона ҳамчун арзи эҳтиром дастхати худро гузошт.

Левакант: Ҷ/Д "Гулистон" мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ 1-уми феврал, аз фаъолияти Ҷ/Д "Гулистон", муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳо ва коргоҳу корхонаҳои қаламрави ҷамоат дидан намуд. Ӯ ҳангоми шиносоӣ ба кор вазъи зиндагии сокинон ва фаъолияти кунунии муассисаҳои таълимию коргоҳу хоҷагиҳо ошно шуда, бо кормандон ва сокинон суҳбатҳо намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти ободонию созандагӣ ва самаранокистифодабарии замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ба масъулин супоришҳои махсус дод.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз шинос шуданд

.

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд

.

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.