«Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист»

.

Рӯзи 12.12.2019 дар китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳр конференсияи илми адабӣ бахшида ба 80-солагии  эҷодиёти шоири муосири тоҷик Бозор Собир таҳти унвони «Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист» бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон аз осору эҷодиёт ва зиндагиномаи  шоир баромад намуданд.

Вохӯрии судманд бо хонандагон

.

Рӯзи 12.11.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., ёрдамчии табиби шуъбаи вогиршиноси Ҷумахони Ш., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С.,  муовини директори МТТҲС Холов С. ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Зулфов У. дар муассисаи мазкур бо ханандагони синфҳои 10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД), роҳҳои пешгири аз ин бемори, ғизои солим, гепатити А, В ва сил вохӯрӣ доир намуданд.

Дар иҷлосия чӣ пешниход шуд?

.

12-декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Абдулмуминзода А., иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум баргузор гардид.

Озмуни «Омӯзгори сол – 2019»

.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -  и шаҳр  озмуни «Омӯзгори сол – 2019» доир гардид.  Дар озмун аз ҳама муассисаҳои таълимии шаҳр як нафар омӯзгори беҳтарин иштирок намуданд.  Озмуни мазкур аз ҳар як иштирокчӣ тайёрии баланди касбиро талаб намояд. Ҳама иштроикчиёни озмун корҳои эҷодии худро ба марази намоиш гузоштанд.  Иштирокчиён аз рӯи 5 шарт бо ҳам рақобат намуда, аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст омӯзгори фанни забони англисии литсейи давлатии №1 Оймаҳмадова Озода маҳорати баланд нишон дода, барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт ва дигар омӯзгороне, ки маҳорати баланд нишон доданд, бо ифтихорномаи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва бахши маориф  сарфароз гардонида шуданд.