Вохӯриҳои табибон бо хонандагон
Рӯзи 17.10.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., табиби шуъбаи вогиршиноси Ҷумахони Ш., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр - Акрамова С., муовини директори МТТҲС Холов С., ва директори МТМУ №14 Ашуров Н. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо ханандагони синфҳои 10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД) вохӯрӣ доир намуданд.