Масъалаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохта, боиси ба харобазор табдил ёфтани бисёр давлатҳои дунё гардидааст. Террористҳо мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Хусусиятҳои экстремизм ва терроризму шомил шудани одамон ба ин гуруҳҳои номатлуб бо роҳи тағйир додани тафаккуру эътиқоди баъзе аз одамон зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Намояндагони ин гурӯҳҳо бо табақаи аҳолие кор мебаранд, (хусусан ҷавонон), ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон суст буда, дар зиндагӣ ба мушкилоте дучор гардидаанд. Имрӯз камбудии асосии ҷавонони мо, дар набудани ҷойи кор мебошад. Барои дарёфт кардани ҷойи кор ва пайдо кардани маблағ онҳо рӯ ба муҳоҷирати мехнатӣ меоранд, ки намояндагони гуруҳҳои даҳшатафкан (террористону экстремистон) аз ин ба хубӣ истифода мебаранд. Аммо, албатта ин ҷо боз нақши асосиро дониш, муҳаббат ба Ватан – модар ва тарбияи дуруст мебозад.