Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

.

 

 

1. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр

--Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабии роҳбари  дастгоҳро ба танзим медароранд. Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон,  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Маоши мансабӣ  1971  сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

   

                                               

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

 

2.Мутахассиси  пешбари бахши  фарҳанг

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахш:

 

- Таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, соҳаи фарҳанг , кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати доштани қобилияти ташкилотчигӣ.

Маоши мансабӣ 804  сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

                              

                              ҶАМОАТҲОИ  ДЕҲОТ

 

3.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими                              

Ҷамоати деҳоти «Гулистон». 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

        

- Таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои диншиносӣ,  шарқшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омӯзгори фанҳои таърих, ҷамъиятшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, таърих ва педагогика, ки ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ буда,  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 3 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ

Маоши мансабӣ 894 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ  аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

    

         4.Мутахассиси пешбар- нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

      

-Таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад, даъватшуда.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 658 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ  аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

 

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-ариза ба унвони раиси шаҳр

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бордаи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ

       

Қабули ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои иштирок, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Левакант, кӯчаи Н.Хусрав - 23  қабул карда мешаванд.

Телефон  барои тамос: 83250 -6–15-73        

Шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант