ЛЕВАКАНТ: ГУЛШИНОНИЮ ЗЕБОГАРДОНӢ
Ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ, 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, корҳои тозагӣ, ободонӣ ва гулшинонӣ ҷараён дорад.
Имрӯз 30-юми август, кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию комуналӣ ва Боғи фарҳангӣ дар гулгашти Парчами миллӣ ва ду шафати кӯчаи марказӣ гулҳои ороишию мавсимӣ шинонида, зебогии шаҳрро таъмин намуданд.
Чунин корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, васлу насби шиору овезаҳои идона идома дошта, сокинони шаҳр кӯшиш менамоянд, ки Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигиранд.
ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ
Чанде пеш тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Холилзода Нуқрамоҳ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Саидқулов Манучеҳр, намояндаи ШВКД дар шаҳр ва дигар масъулин дар ҳудудди шаҳр оиди бартарафнамоии савдои кӯчагӣ, нав намудани овезаҳои таблиғотии молу маҳсулат, ҳолатҳои санитарӣ ва маданияти шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
ЛЕВАКАНТ: ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Шоми 30-юми август, дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ: ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ
30-юми август, дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи амалиёти Иттифоқҳои касаба барои сулҳ” ва Рӯзи дониш раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон-Ширинзода М. ва раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант-Мусоева Бибисоро, яке аз собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр-Файзов Неъматуллоро аёдат намуданд. Зимни аёдат ӯро ҳамчун собиқадори соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ намуданд. Ин иқдом идома дошта аз тарафи масъулини Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант собиқадорони соҳаи маориф қадрдони мешаванд гуфт Бибисоро Мусоева.
ЛЕВАКАНТ: ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Имрӯз 29-уми август, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, Маркази ВНМО ва ТТҲС-и шаҳр, бо занону бонувони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», дар бунгоҳи тиббии деҳа вохӯрӣ намуданд.