ЛЕВАКАНТ: МАВСИМИ НАВИ ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ

.

Имрӯз 12-уми июн, бо иштироки сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Моҳираи Абдуғаффор, намояндагони бахши маорифи шаҳр майдончаи тандурустии истироҳатии кӯдаконаи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳр дар давраи таътили тобистона кушода шуд.

ЛЕВАКАНТ: ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МТМУ №8, ДИДАН КАРД

.

Дар ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Халилзода Нуқрамоҳ-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, ҳуқӯқшиноси Мақомоти иҷроия-Ҳалимзода Карим, намояндаи бахши маорифи шаҳр-Мирзоев Аҳмад аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳр дидан намуданд. Онҳо вобаста ба анҷоми соли хониш, ҷамъоварии китобҳои дарсӣ, таъмири муассиса барои соли нави таҳсил, васлу насби шиору овезаҳои таблиғотӣ, таъмини либоси ягонаи мактабӣ, ҳамкории муассисаву омӯзгорон бо волидайн ва назорати хонандагон дар давраи таътили тобистона бо маъмурияти муассиса суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ карданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»

.

Масъулин ва кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант, дар ин рӯзҳои мусоид дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ камар бастаанд. Онҳо дар ин рӯз роҳҳои маҳаллии деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон», ки деҳаро ба маркази шаҳр мепайвандад таъмир карда аломатҳои роҳро васлу насб ва хатҳои уфуқиро кашида истодаанд.

ЛЕВАККАНТ: ФАЪОЛИЯТИ ТАБЛИҒОТЧИЁН ДАР МАҲАЛЛАИ ОБШОРОН

.

Имрӯз 12-уми июн, мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ тариқи гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо сокинони маҳал суҳбат-вохӯрӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲО

.

Дар пайи корҳои таблиғоти ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахшҳои кор бо занон ва оила, ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроия, Муассисаҳои КАТС ва ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар бунгоҳи тиббии деҳаи «Вахш»-и ҷамоати шаҳрак бо сокинон вохӯрӣ намуданд.