ДИҚҚАТ!!!

.

Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки рӯзи 1.08.2024, соати 8:30 дар толори маҷлисгоҳи филиали Донишкадаи баёналмиллалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант нишасти матбуоти раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ доир ба натиҷагирии фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 доир мегардад.

 
 
 
 

Дарсҳои омузиши ба кормандони Силсилаи неруҳгоҳи обии Вахш ш. Левакант

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 31 июли соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант ба кормандони Силсилаи неруҳгоҳи обии Вахш ш. Левакант дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РУЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

.

30-юми июл, дар қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Левакант, бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ ба муносибати рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Нахуст масъулини Мақомоти иҷроия аз шароити корӣ ва намоиши техникаву таҷҳизоти кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳр дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои муҳофизати шаҳри Левакант аз сухтор дорои 4 нақлиёт ва муҷаҳаз бо дигар техникаву лавозимоти корӣ мебошаду дар ҳолати омодабош қарор доранд.

ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШАҲР

.

Субҳи имрӯз 30-юми июл, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, аз тарафи кормандони ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр, дар шоҳроҳ, кӯчаи Рӯдакӣ, кӯчаи марказӣ ва назди ташкилотк корхонаҳо ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳашари дастаҷамъона, кормандони ҳар як ташкилоту корхона қитъаи вобастабудаашонро аз алафҳои бегона тоза намуда, гулу бутта ва дарахтонро ба шакл дароварданд.
Боиси қайд аст, ки чунин корҳои тозагию ободонӣ дар шоҳроҳ ва дигар кӯчаҳои шаҳр, тибқи нақшаи доимӣ аз тарафи кормандони ташкилоту корхонаҳо, пайваста гузаронида мешаванд.

ТАҚЛИДҲОИ КӮРКӮРОНА ЧӢ ЛОЗИМ?

.

Либоси миллӣ пояи фарҳанги миллат, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки тӯли асрҳо рисолаташро иҷро кард ва миллатро муаррифгар буд. Чун сухан дар боби либоси миллӣ равад, ҳатман пеш аз ҳама симои зан–модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат буд.
БИЁ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!