Пешгири аз бемориҳои сироятӣ

.

Рӯзи 12.11.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., ёрдамчии табиби шуъбаи вогиршиносӣ Ҷумахони Ҷ., директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С. ва директори МТМУ №1 Зулфов У. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо ханандагони синфҳои 10 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемориҳои ВНМО (СПИД), шадиди роҳи нафас, фарбеҳи, сил вохӯрӣ доир намуданд.

  Ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба тарзи гузариш, пешгирӣ аз мубталошавӣ ва аломатҳои бемориҳои мазкур иттилоъ дода шуд. Баъдан баҳри пешгирии бемории ВНМО маркази ВНМО дар якҷоягии маркази  ташаккули тарзи ҳаёти солим ба иштирокчиён, зиёда аз 60 – варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.