Вохӯрии судманд бо аҳолӣ.

.

Муовини раиси шаҳр Н.Қурбонова, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳр ва роҳбарону намояндагони дигар бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар муассисаҳои таълимии №№5,9-и деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо омӯзгорону фаъолон ва сокинон вохурӣ гузарониданд.

 Вохурӣ бо мақсади иҷрои амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгири аз хурофотпарастӣ, терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуб сурат гирифт.

Дар ҷамъомад масъулин вобаста ба авзои сиёсии Тоҷикистон ва ҳодисаҳои дар чанд рӯзи охир ба амаломада бо аҳолии деҳаҳои болозикр суҳбат намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар ин хусус бетараф набошанд.

Аҳолии деҳаи Хуррамдеҳ дар навбати худ масъулинро бовар кунониданд, ки бо кору пайкори неки худ ободонию созандагӣ дар деҳа ҷонибдори сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлат буданро исбот намуда, барои тарбия дурусти фарзандон робитаро бо мактабу маориф мустаҳкам менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар шаҳраку маҳалла ва дигар деҳаҳои шаҳри Левакант  пайваста аз ҷониби Мақомот гузаронида мешаванд.