ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ТИБҚИ НАҚША ЧОРАБИНИ

.

Дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати пешгири аз ҷиноят ва омилҳои номатлуб, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, бо падару модар ва хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти муассиса суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот-Исмонқулов Абдуҷалол, Саидов Файзулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

Муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло дар оғоз вобаста ба сифати таълиму тарбия, ҳамоҳангии омӯзгор бо падару модар, иштироки фаъоли хонандагон дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб баромад намуда, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки вобаста ба ин масъалаҳо бетараф набошанду фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд.

Собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, полковник-Исмонқулов Абдуҷалол, дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Сали маърифати ҳуқуқӣ» ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ибрози назар намуд.

Инчунин Ҳикматулло Султонов раиси Ташкилоти собиқадорон, подполковник Саидов Файзулло-иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бароталиев Сафар-раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан» дар хусуси эҳтироми падару модар ва калонсолон аз ҷониби наврасону ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз ҷиноят, авбоши, экстремизму тероризм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайри қонунии диннӣ, оворагардию шабгардӣ баромад намуда, бори дигар падару модаронро таъкид намуданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ бидиҳанд.