ЛЕВАКАНТ: СОБИҚАДОРОН СОҲИБИ ЧОЙХОНА МЕШАВАНД

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз рӯзи аввали ба мансаб омадан ба собиқадорону ниёзмандон таваҷҷуҳи махсус намуд. Баъди ҷаласаи аввалаш бо фаъолон хост, ки барои собиқадорон ва нафароне, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гузоштаанд шароити истироҳату фароғат таъмин намояд. Бо ин мақсад бо таклифи собиқадорон дар як гӯшаи боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, ки қаблан иншооти хуштарҳе бунёд шуда буд, барои ташкили чойхона ба собиқадорон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» мусоидат намуд.

 

Ҳамзамон Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулини боғ ва худи Такилоти «Сипарони Ватан» тавсия дод, ки барои боз ҳам назаррабо гаштани ин макон ниҳол ва гулу буттаҳои ороиши шинонида, зебогии ин маконро таъмин созанд.