ЛЕВАКАНТ: АЗ АҲВОЛИ СОБИҚАДОРОН ҲАМЕША БОХАБАР БОШЕД!
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ зимни як ҷаласаи хурди корӣ бо кормандони соҳаи иҷтимоӣ муроҷиат карда гуфт, ки аз ҳолу аҳволи собиқадорон зуд-зуд бохабар бошед. Онҳоро дар чорабиниҳо ва суҳбату вохӯриҳо ҷалб созед. Барои пешрафт аз таҷрибаи кориашон истифода баред.
Тибқи супориш ва дастгирии Муминзода Мастура, муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оила ва дигар фаъолон ба аёдати ду омӯзгори собиқадор, Искандарова Ватансултон омӯзгори фанни билогияи МТМУ рақами 1 ва Давлатова Момаҷон омӯзгори касбу ҳунари Литсейи давлатии рақами 1- шаҳр рафта, аз номи шаҳрдорӣ онҳоро бо гулдаста ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳарду ҳам аз даврои ҷавони то ба имрӯз умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда, шогирдони зиёдеро таълиму тарбият додаанд.
Ҳангоми ин дидор ва қадршиносӣ Искандарова Ватаннсултон ва Давлатова Момаҷон ниҳоят хушҳол гашта миннатдории самимии худро ба шаҳдорӣ баён намуданд.