ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАШАРДӮСТОН

.

Ҳамасола санаи 15 феврал дар аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ аз ин санаи таърихӣ 35-сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дар толори филиали ДБССТ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷамъомади тантанвӣ баргузор шуд.

 

Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, раиси Ташкилоти ҷумҳуриявии Ҷамъияти иттиҳоди собиқадорони амалиёти ОКСВА-Аловиддинов Фарух, муовинони раиси шаҳри Левакант, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан», фаъолону ҷавонон иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ дар оғоз тамоми собиқадорони ҷангу меҳнатро бахшида ба 35-солагии рӯзи баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ва бахшида ба 31-солагии Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки падарону бобоёни мо дар замони Шӯравӣ барои таъмини суботу оромӣ хизмат намудаанд. Инчунин ӯ ба тамоми собиқадорони ҷангу меҳнат ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Раиси Ташкилоти ҷумҳуриявии Ҷамъияти иттиҳоди собиқадорони амалиёти ОКСВА-Аловиддинов Фарух ва муовини ӯ Наҷмиддинов Сафар аз даврони ҷангии худ ҳангоми баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ва ҷонисории ҳамяроқонашон ёдовар шуда, қайд карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он замон ҳатто барои ҳифзу ҳимояи давлату миллати кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ҷонисорию қаҳрамониҳо кардаанд. Аз ин хотир номашон дар таърих мондаву хотироти некашон боқист.

Дар ҳамин фазои тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, бо нишони сарисинагии Ҷамъиятии иттиҳоди собиқадорони амалиёти ОКСВА қадршиносӣ шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба як қатор собиқадорон ва ҷанговарони башардӯст, барои хизматҳои шоиста, дар барқарор намудани сулҳу субот, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандорию хештаншиносӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, саҳмгузорӣ дар даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 31-солагии Рӯзи Артиши миллӣ Сипосномаҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон собиқадорон барои баргузории чунин як ҷашни пуршукуҳ ва эҳтиром гузоштан ба ҷанговарони башардӯст, ба мақомоти иҷроия ва дигар саҳмдорони чорабинӣ изҳори сипосу миннатдори намуданд.

Инчунин барои собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, аъзоёни Ташкилоти «Сипарони Ватан» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барномаи фарҳангӣ ва дастархони идона ороста шуд.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Возможно, это изображение 2 человека и помост
 
Возможно, это изображение один или несколько человек
 
Возможно, это изображение 3 человека
 
 Возможно, это изображение 3 человека, динамик, помост и отдел новостей
 
Возможно, это изображение 4 человека и текст «рузи чантоварони рони башарлус COBOCHIMEA»
 
Возможно, это изображение 4 человека и текст
 
Возможно, это изображение 2 человека и текст
 
Возможно, это изображение 3 человека и текст
 
Возможно, это изображение 3 человека и текст
 
Возможно, это изображение 4 человека и текст
 
Возможно, это изображение 4 человека и текст
 
Возможно, это изображение 4 человека и текст
 
Возможно, это изображение 4 человека и текст
 
Возможно, это изображение 3 человека и текст
 
Возможно, это изображение 3 человека и текст
 
Возможно, это изображение 3 человека, помост и текст
 
Возможно, это изображение 4 человека
 
Возможно, это изображение 4 человека
 
Возможно, это изображение 1 человек и толпа
 
Возможно, это изображение 1 человек и толпа
 
Возможно, это изображение 1 человек
 
Возможно, это изображение 1 человек, учится и кларнетВозможно, это изображение 3 человека и текстВозможно, это изображение 3 человека и текст
 
Возможно, это изображение 11 человек и текст