ЛЕВАКАНТ: ДИДОРБИНӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН
Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло як қатор собиқадорони меҳнат аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимии шаҳр аёдат шуда, бо кумак ва туҳфагузориҳо қадршиносӣ гардиданд.
Вализода Бердӣ Раҷаб собиқадори соҳаи маориф, дорандаи Медали Хизмати шоиста аз тарафи бахши маориф, адиби шаҳр-Раҳматуллоҳи Исматӣ аз ҷониби МТМУ №2, собиқадори соҳаи маориф-Сармисоқов Раҷабмурод аз тарафи Литсейи давлатии №1, Қувватов Раҳмоналӣ аз тарафи маъмурияти МТМУ №8 ва чандин собиқадорони дигар аз тарафи муассисаҳои таълимии шаҳр аёдат шуданд.
Собиқадорон аз ин иқдоми шоистаи шаҳрдорӣ ва дигар масъулин хушнуд гардида, минатдории худро баён карданд.
Боиси зикр аст, ки чунин иқдомҳои наҷиб дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар арафаи иду ҷашн ва саннаҳои таърихӣ анҷом дода мешаванд.