МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ–АСОСИ ҲАМА ГУНА ПЕШРАФТ!
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф шуданд, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳои хешро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Дар Паём гуфта шуд, ки воқеан Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст ва аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Дар воқеъ амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Аз ин хотир Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ, яъне 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Мегӯянд, ки «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад». Яъне, асоси ҳама гуна пешрафт дар ҷомеа ба василаи тартиботи ҳуқуқӣ фароҳам мешавад. Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон: «Агар хоҳи озод бошӣ, пас ғуломи қонун бош».
Дар Моддаи 42 -и Конститутсия омадааст: "Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад".
Аз ин хотир ҳар яки моро мебояд, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошем. Аз Конститутсия ва қонунҳои кишвари худ бархӯрдор буда, дар доираи онҳо амал намоем.
Риояи Конститутсия ва қонунҳо яке аз вазифаҳои конститутсионӣ буда, тибқи он ба уҳдаи ҳар як шахс ва иттиҳодияҳои онҳо, шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ қатъиян риоя кардани Конститутсия ва қонунҳо гузошта мешавад. Риояи Конститутсия ва қонунҳо дар ҳар кишвар пеш аз ҳама, вазифаи ҳамаи иштирокчиёни (субъектони) муносибатҳои ҳуқуқӣ буда, таъмини қонуният ҳамчун асоси устуворшавии тартибот, ҷомеа ва ҳаёти ҳар як инсон мебошад. Вазифаи мазкур барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд асос шуда метавонад. Бинобар ин, эътироф ва риояи Конститутсия ва қонунҳо ба омӯзишу дарк намудани он алоқаманд аст. Аз ин рӯ, давлат вазифадор аст, ки матни қонунҳоро дастраси шаҳрвандон гардонад ва барои дарки он кумак расонад, вагарна қонунҳоро надидаю наомӯхта риоя кардан ғайриимкон аст.
Аслан риоя накардани қонун ду сабаб дорад, ки яке надонистан ва дигаре беэтиборӣ нисбати қонун аст. Шароити имрӯз тақозо дорад, ки ҳар кадоми мо бояд маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошем.
Рушди тамоми соҳаҳо муҳим аст, аммо пешрафти ин ҳама ба василаи маърифати ҳукуқӣ бештар устувор хоҳад гашт.
Дар фарҳанг маърифат ба маънои илму дониш, ҳамчунин, ба маънои шинохтан ва донистан , шиносоӣ, ошноӣ омадааст.
Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат омада, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Дар ин замина ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Дар шароити имрӯз хеле муҳим аст, ки нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, дар оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ муносибати ҷиддӣ бошем. Бо ин мақсад шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ бояд бештар дастрасӣ дошта бошанд.
Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи муҳим, ҳамчунин, зарур аст, ки корро аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то таҳсилоти касбӣ ҷоннок карда, маърифати ҳуқуқӣ омӯхт. Инчунин, дар ҷомеа бештар корҳои оммафаҳмонӣ анҷом дод.
Дар умум тадбири мазкур хеле муҳим ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, итминони комил аст, ки дар болоравии маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат заминаи арзишманде ба бор хоҳад овард.