ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ ШАҲРДОРӢ БО САРБОЗОНИ ОЯНДА

.

19-уми март, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ва ҳайати Комиссияи даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Комиссариати ҳарбии шаҳр, бо ҷавонони ихтиёрӣ, ки бо хоҳиши худ барои хизмати Модар-Ватан омодаанд вохӯрӣ намуданд.

 

Муминзода Мастура Табарӣ дар ин вохӯрӣ аз ҷавонони ихтиёрӣ ва падару модарашон барои тарбияи чунин ҷавонони ватандӯсту бонангу оризҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ӯ гуфт, ки хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ қарзи тамоми ҷавондардон буда, ҳар як ҷавони ватандӯсти синни даъватӣ онро сарбаландона адо намуда, падар, модар, хоҳару бародар ва ватани худро бояд ҳифзу ҳимоя намояд. Ва иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мекушад ҷавонони ихтиёриро аз ҳар лиҳоз дастгири намуда, дар гирифтани шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ ва касбу ҳунарҳои дигар тариқи курсҳои кутоҳмудат дастгири намояд.

Сипас Муминзода Мастура аз вазъи ҳуҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Комиссариати ҳарбии шаҳр дидан намуда, барои ҷоннок намудани кор ва иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи аввали гусели наваскарон ба масъулин супоришҳои махсус дод.